Бозёфти ҷасад аз таҳхона: марде ҳамсарашро 13 сол пеш куштаву гӯрондааст

© APЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марде дар паи ҷанҷол бо ҳамсараш ӯро бо кетман зада мекушад ва ҷасадашро дар таҳхона гӯронида, болояш бетон мерезад

ДУШАНБЕ, 11 июли — Sputnik. Бино бар иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат  ҷинояте, ки 13 сол пеш аз ин содир шуда буд, ошкор шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар таҳхонаҳои яке аз сохтмонҳои шаҳри Ваҳдат бозмондаҳои ҷасади зане ёфт шуд.

"Ҳангоми баргузории амалиёти бозҷуст кормандони милиса марди 39-солае аз ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдатро ба иттиҳоми куштор дастгир карданд", — омадааст дар гузориши ВУД.

Жены боевиков рассказали о своих нелегких судьбах - Sputnik Тоҷикистон
Нақли ҳамсарони ҷангиёни ДОИШ: ғуломӣ ва ночорӣ

Ин мард дар соли 2004 бо духтаре издивоҷ карда ва ҳамон сол дар паи муноқишаи хонаводагӣ ҳамсарашро бо кетман задааст. Дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст. Сипас муттаҳам ҷасади ҳамсарашро ба таҳхона бурда, гӯр кардаву болояш бетон рехтааст.

"Барои бозҷӯии ин ҷиноят аз рӯи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда ва бозҷӯӣ идома дорад", — меафзояд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0