Расонаҳо: ДОИШ марги Абубакр ал-Бағдодиро таъйид кард

© AP / Militant videoАбу Бакр Аль-Багдади, архивное фото
Абу Бакр Аль-Багдади, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои гурӯҳи ҳаросафкани "Давлати исломӣ" хабари марги саркардаашон Абубакр ал-Бағдодиро таъйид карданд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Гурӯҳи тундраву ҳаросафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия ва бисёре аз кишварҳо қонунан мамнуъст, хабари куштани шудани раҳбараш Абубакр ал-Бағдодиро таъйид кардааст.

Флаг группировки Исламское государство (запрещена в РФ), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ пайвастааст

Шабакаи телевизюнии "ас-Сумария" имрӯз, 11 июл ба нақл аз манобеъи ироқӣ дар Найнаво хабари кушта шудани раҳбари ҳаросафканонро таъйид кард.

"Фармондеҳони ДОИШ дар баёнияе кӯтоҳ хабар додаанд, ки ал-Бағдодӣ кушта шуда ва ин гурӯҳ ба зудӣ ҷонишинашро муаррифӣ хоҳад кард. Аммо ҷузъиёте аз кушта шудани раҳбари ҳаросафканон ошкор нашудааст", — гуфта мешавад дар гузориши шабкаи "ас-Сумария".

Манбаъи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ДОИШ аз тариқи расонаҳои иртиботии худ баёнияи расмии марги ал-Бағдодиро барои фармондеҳони ин гурӯҳ дар Талафар фиристода ва аз онҳо хоста, баъд аз шикаст дар Мавсил ба муқовимат идома диҳанд.   

Лентаи хабарҳо
0