ДУШАНБЕ, 11 июли — Sputnik. Мактабҳои омӯзиши ҳамагонии Тоҷикистон то соли 2032 ба низоми таҳсили 12-сола мегузаранд, гуфт вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид.
Вай дар нишасти расонаие, ки дар Душанбе баргузор шуд, таъкид кард, ки ин ислоҳот то соли 2032 зина ба зина амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи вазир, ин низоми таҳсил ба хонандагон имкон медиҳад, ки барои имтиҳоноти вурудӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон пурра омода шаванд ва ҳамчунин тавонанд соҳиби касбе гарданд.
Гуфтанист, ки Тоҷикистон бояд дар соли 2016 ба низоми таҳсили 12-сола мегузашт, аммо бо далели буҳрони иқтисодӣ ва камбуди мактабҳо бо дархости Вазорати маорифи ҶТ ин ислоҳот то соли 2020 вогузор карда шуд.
Нуриддин Саид ҳамчунин гуфт, ки Русия барнома дорад дар Тоҷикистон панҷ мактаб бунёд кунад.
"Мактабҳо дар шаҳрҳои бузурги кишвар — Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Душанбе ва Турсунзода бунёд хоҳанд шуд", — тавзеҳ дод вай.
Ёдовар мешавем, ки низоми таҳсили 12-соларо бори нахуст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба матабҳои кишвар пешниҳод карда буд.