Коршинос: ҷанг дар Афғонистон намегузорад ки Тоҷикистон тарҳҳояшро дар Осиё густариш диҳад

© Facebook / Ilhom NarzievИльхом Нарзиев
Ильхом Нарзиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаргуна роҳи оштие, ки барои ҳалли муноқиша дар Афғонистон пешниҳод нашавад, танҳо дар чорчӯби Созмони милали муттаҳид метавон онро амалӣ кард, мегӯяд коршиноси Маркази Лев Гумилёв дар Маскав Илҳом Нарзиев

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ин коршинос бо таассуф мегӯяд, ки Созмони милал феълан нақши тамошобинро гирифта ва барои ҳалли ин муноқиша фаъолияте надорад.

Идеи оштӣ барои Афғонистон дар ҳамоиши байналмилалие дар Душанбе матраҳ шуд, ки дар он ховаршиносони тоҷику русу афғонистонӣ ширкат доштанд.

Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайфулло Сафаров: ҷанг дар шимоли Афғонистон таҳдидест бар амнияти Тоҷикистон

"Ҷанг дар Афғонистон бисёре аз фурсатҳои моро бар бод медиҳад. Мо мехоҳем бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамкорӣ дошта бошем, бо Эрон рафту омад дошта бошем, мо ниёз ба Афғонистон дорем, вале дар 17 сол ҳеч тарҳи воқеъӣ барои ҳалли мушкилот дар он кишвар пешниҳод нашуд", — гуфт Илҳом Нарзиев дар суҳбат бо родю Sputnik.

Вай таъкид кард, ки Афғонистон воқеъан дар вартае қарор дорад, ки бояд наҷоташ дод.

"Чунончи, танҳо дар қаламрави вилояти Тахор 94 гурӯҳи мусаллаҳ вуҷуд дорад, ки аз касе фармон намебарад. Чунин вазъе дар саросари Афғонистон ҷой дорад. Ҳарҷу марҷ дар ин кишвар сол аз сол бештар мешавад, вале эътилофи байналмилалӣ на қавле медиҳад ки вазъро тағйир хоҳад дод ва на пешбинии хушбинонае аз ислоҳи вазъ пешниҳод мекунад, балки мутмаъин аст, ки авзоъ бадтар аз ин ҳам хоҳад шуд", — гуфт Нарзиев.

Лентаи хабарҳо
0