"Тоҷик Эйр" ҳар рӯз аз Душанбе ба Хоруғ мусофир хоҳад бурд

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии " Тоҷик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғро 7 июл аз сар гирифта ва ҳар рӯз як парвоз анҷом хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Ба иттилоъи хабаргузории ТоҷикТА, ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳои мустақим миёни пойтахти Тоҷикистон ва маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз сар гирифтааст.

Ҳавопаймои ширкати Тоҷик Эйр,акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷик Эйр” парвозҳоро ба Хоруғ аз рӯзи шанбе боз мекунад

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, парвозҳо 7 июл оғоз шуд ва ҳар рӯз як ҳавопаймо мусофиронро аз Душанбе ба Хоруғ мебарад. Парвозҳо соати 07:00 ба вақти Душанбе оғоз шуда ва 1 соату 15 дақиқа замон доранд. Нархи арзонтарин билет — 680 сомонӣ аст.

"Мо парвозҳо дар масири Душанбе — Хоруғро аз барои таъмири ҳавопаймои Ан-28 боз дошта будем. Акнун ки ҳавопаймо таъмир шуда ва роҳи заминӣ аз Душанбе ба Хоруғ баста аст, агар ниёзе бошад, мо метавонем шумораи парвозҳоро бештар кунем ва дар як рӯз се парвоз анҷом диҳем", — гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.

Манбаъ меафзояд, ки ширкати мусофирбарӣ кӯдакони то 5-соларо ройгон ва кӯдакони то 12-соларо бо пардохти ними баҳои билет ба мақсад мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0