Олимхон Рабиев академики бунгоҳи ҷаҳонии рассомони "Новая эра" шуд

© МИН культуры РТЦеремония вручения диплома академика Рабиеву Олимхон
Церемония вручения диплома академика Рабиеву Олимхон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимхон Рабиев - президенти академияи мусавирии Тоҷикистон, академики бунгоҳи рассомии "Новая эра" шуд

ДУШАНБЕ, 10 июли — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи мусавирии ҷаҳонии "Новая эра" баргузор шуд.

Ба гузориши манбаъ президенти Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра" ба ҳамтои тоҷикаш — Олимхон Рабиев шаҳоданома ва нишони сарисинагии Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра"-ро супорид.

Олимхон Рабиев барои саҳми арзандааш дар рушди санъати тасвирии ватанӣ ва ҷаҳонӣ бо унвони фахрии Академики Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра" қадр гардид.

Президенти Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра"-и Русия Анатолий Силов низ соҳиби унвони фахрии академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардид.

Нишон ва шаҳодатномаро ба ӯ Олимхон Рабиев супорид.

Анатолий Силов соли 2016 ба Тоҷикистон омада ва дар намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ "Гавҳари Роҳи бузурги абрешим" ширкат кардааст.

Ӯ нақл кардааст, ки бо асарҳои офаридаи рассомони тоҷик ҳанӯз солҳои 70-и асри гузашта шинос будааст ва ба рушди имрӯзаи ин намуди санъат дар Тоҷикистон баҳои баланд додааст.

Олимхон Рабиев ва Анатолий Силов гуфтаанд, ки ин дидор барои рушди ҳамкориҳо ва ташкили намоишҳои якҷояи рассомони русу тоҷик ва табодули таҷрибаи байни онҳо муфид хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0