Кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш доранд баҳрабардорӣ аз манобеъи обиро равишманд кунанд

© Фото : Алексей КуликовАральское море в Узбекистане, архивное фото
Аральское море в Узбекистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазоратҳои обу энержии Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе мизону саҳми ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар баҳрабардорӣ аз оби Ому ва Сирро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Ҳафтоду якумин нишасти Комисюни умури оби кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ширкати муъовинони вазирони обу энержии Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Pars Today” ба нақл аз хабаргузориҳои расмии Тоҷикистон, дар ин нишаст дар бораи мизону саҳми ин кишварҳо дар баҳрабрадорӣ аз оби Ому ва Сир дар бахши кишоварзӣ дар соли ҷорӣ, иҷрои таъаҳҳуди Тоҷикистону Қирғизистон ба унвони кишварҳои болооб ва Узбакистону Туркманистону Қазоқистон ба унвони кишварҳои поиноб дар заминаи бардошти баробари об ва ҳамкории минтақаӣ дар умури обу обёрӣ баҳсу табодули назар шудааст.

Ин расона афзуда, ки аксари коршиносон муътақиданд, кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли масъалаи баҳрабардорӣ аз захоири обу энержӣ иродаи ҷиддии сиёсӣ надоранд, зеро Тоҷикистону Қирғизистон, ки саргаҳи рӯдҳоро дар ихтиёр доранд, ва Узбакистону Туркманистону Қазоқистон, ки масрафкунандаи умдаи об ҳастанд, тафоҳуму ҳамкорӣ дар чигунагии баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.

Дар замони Шуравӣ се ҷумҳурии поиноб дар фаслҳои баҳору тобистон дар баробари дарёфти оби мавриди ниёзи худ аз саддҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ду ҷумҳурӣ дар фасли сармо сӯхту барқ мунтақил мекарданд, аммо акнун чунин доду гирифти обу сӯхт миёни ин панҷ кишвар вуҷуд надорад.

Ҳамакнун Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли сармо аз камбуди барқу набуди газу бензин ба шиддат ранҷ мебаранд. Афзун бар ин, барои захирасозии оби мавриди ниёзи Узбакистону Туркманистону Қазоқистон дар пушти саддҳояшон ба шиддат зиён мебинанд ва барои тармиму нигаҳдории ин обанборҳо ҳеҷ пуле дарёфт намекунанд.

Ин ихтилофот муҷиб шудааст, ки ин панҷ кишвар дар 26 соли истиқлоли хеш, муваффақ ба таҳияву имзои тавофуқномаи ҷомеъи баҳрабардорӣ аз захоири оби Осиёи Марказӣ нашаванд.

Лентаи хабарҳо
0