ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои дохилии ҶТ, шикоятҳо дар бораи барнаградонидани қарз рӯзи 6 июл ба шуъбаи корҳои дохилӣ расидаанд.
Ба гузориши манбаъ, рӯзи 6 июл, ба шуъбаи мақоти интизомии ноҳияи Синои пойтахт, марди 47-солаи сокини шаҳри Норак бо ариза муроҷиат кардааст.
Ӯ аз марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, шикоят кардааст. Ин мард моҳи марти соли 2016 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 380000 рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин, ба мақомоти милитсия марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.
Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 1-уми июни 2014, зани 66-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Айни замон дар ин самт корҳои тафтишот идома дорад.