ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки милли Тоҷикистон, бо мақсади муқовимат бо расмикунони маблағи бо роҳи ҷиноят бадастомада, ин ниҳод тасмим гирифтааст, таълими ихтисоси касбии "Бехатарии иқтисодӣ" — ро дар макотиби олии Тоҷикистон ба роҳ монад.
Ба гузориши манбаъ, чунин тасмим рӯзи 7 июл ҳангоми дидори намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ бо масъулини Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил бароварда шудааст.
Дар ин мулоқот масъалаи такмил додани самти муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории теруризм, аз ҷумла бо мутахассисони соҳа таъмин намудани низоми молиявии мамлакат баррасӣ шудааст.
Ҳангоми дидор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ масъалаҳои татбиқ намудани Стандарти давлатии таълими ихтисоси "Бехатарии иқтисодӣ"-ро мавриди муҳокима қарор дода, барои муайян намудани қадамҳои минбаъда дар ин самт нақшагузорӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир бо мақсади пурзӯр ва самаранок намудани фаъолият дар самти муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории теруризм андешида шудааст.
Ва инак Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, стандарти касбии "Бехатарии иқтисодӣ" — ро дар макотиби олии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид намояд.