“Узбакистон – Тоҷикистон: дӯстие, ки аз озмуни замон гузаштааст”

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон (слева) и президент Республики Узбекистан Ислам Каримов
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон (слева) и президент Республики Узбекистан Ислам Каримов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Узбакистон филмеро дар вебгоҳи расмии худ мунташир карда, ки аз дӯстии кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Узбакистон дар вебгоҳаш филмеро дар бораи равобити Тоҷикистон ва Узбакистон мунташир кардааст.

Филм "Узбакистон ва Тоҷикистон: дӯстие, ки аз озмуни замон гузаштааст" ном дорад ва мустанадест, ки пештар дар шабакаҳои телевизюни Узбакистон намоиш дода шуда буд.

Ин филм дар оғоз аз "дӯстии тоҷикону узбакҳо, ки аз озмуни замон гузаштааст" ёд мекунад ва суханҳои нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро гуфтовард мекунад, ки "тоҷикону узбакҳо як мардум ҳастанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд".

Филмсозон назари бархе аз шаҳрвандони Узбакистонро дар бораи тоҷикон пурсидаанд ва онҳо аз расму русуми мушатарк, дӯстии Алишер Навоиву Абдураҳмони Ҷомӣ, Шашмақом ва шеърҳои ширу шакару созу навоҳои муштарак чун намоде аз жарфову паҳнои равобити ду мардум ёд мекунанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки "ҳамакнун дар Узбакистон камобеш 55 ҳазор донишомӯз дар 250 мактаб ба забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд".

Дар ин филм ҳамчунин суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими хоксупории Ислом Каримов пурра оварда шуда ва дар идома аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Арабистони Саудӣ ёд мешавад ва суханҳои раисҷумҳури Узбакистонро гутфовард мекунанд: "Тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар меҳвари сиёсати хориҷии Узбакистон қарор дорад".

Филм дар бораи  беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон, бавижа аз оғози давраи раёсатҷумҳурии Шавкат Мирзиёев — мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев, рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон, намоишгоҳи колоҳои Узбакистон дар Тоҷикистон ва додани шаҳрвандии Узбакистон ба касоне, ки дар Тоҷикистон зода шудаанд, гуфта мешавад. 

Дар ин филм ҳамчунин аз масоъили аломатгузории марз миёни Узбакистону Тоҷикистон ёд мешавад ва гуфта шуда, ки ду кишвар ахиран ин мавзуъро дар мулоқоте дар Душанбе баррасӣ карда, тасмим гирифтаанд, ки дар зудтарин фурсат коршиносон масоъили боқимондаро ҳалл кунанд. Дар ин росто аз Шавкат Мирзиёев гуфтовард шуда, ки мегӯяд: "Ҳамаи масъалаҳо бояд бар пояи баробарӣ, манфиатҳои ҷонибҳову муштарак ва дар сурати ниёз, гузаштҳо ҳал карда шаванд… Раҳбарон бояд иродаи сиёсиву таҳаммул дошта бошанд то хостҳои мардуми ду кишвар барои дӯстиро бароварда созанд".

Дар поёни ин филм ҳамчунин аз обанбор ва нерӯгоҳи "Фарҳод" низ ёд мешавад. Фиристодаи вижаи Вазорати умури хориҷаи Узбакистон Илҳомҷон Неъматов дар ин бахш аз филм мегӯяд:

"Обанбор ва нерӯгоҳи "Фарҳод" аз замони бунёдашон дар соли 1943 то кунун дар тавозуни Вазорати энержии Узбакистон қарор доранд. Ин созаҳо бо нерӯи беш аз 7 ҳазор коргари узбакистонӣ сохтаву роҳандозӣ шуда ва аз ин рӯ дороии Ҷумҳурии Узбакистон ҳастанд".

Дар поён созандагони ин филм натиҷагирӣ мекунанд, ки дӯстии Узбакистону Тоҷикистон аз озмуни замон гузашта ва ин ду кишвар ҷуз аз густариши ҳамкориҳо роҳи дигаре надоранд.

Лентаи хабарҳо
0