Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми ҳамхобагӣ бо духтари 13-сола

© SputnikПросмотр на экране новостей
Просмотр на экране новостей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон ду ҷавон ба иттиҳоми ҳамбистарӣ бо кӯдак - духтари 13-сола дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба гузориши расонаи СМ-1, дар шаҳри Конибодом ду ҷавон ба иттиҳоми ҳамхобагӣ бо духтари 13-сола дастгир шуданд.

Нерӯҳои интизомии вилояти Суғд иттилоъ додаанд, ки ду ҷавони 27 — 28-сола он духтарро ба яке аз меҳмонхонаҳои ноҳияи Конибодом бурдаанд ва кормандони меҳмонхона низ бо дарёфти 100 сомонӣ, аз онҳо санади расмии шиносоӣ нахоста ва барояшон утоқ додаанд.

Ин ду ҷавон, ки аз ноҳияи Масчо ва Конибодом ҳастанд, ба ҷурми алоқаи ҷинсӣ бо кӯдак боздошт шудаанд.

Барои бозҷӯии ин кӯдакозорӣ аз рӯи моддаи 141 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст. Ҳамчунин барои бозҷӯии табаҳкории масъулини меҳмонхона низ аз рӯи моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0