Трамп боз шикаст хӯрд: ҳамсари раисҷумҳур аз дастфишорӣ бо вай рӯ гардонд

CC BY-SA 2.0 / Gage Skidmore / Donald TrumpПрезидент Америки Дональд Трамп, архивное фото
Президент Америки Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин иттифоқ ҳангоми сафари раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба Варшава пеш аз нишасти G20 рух дод
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дувумин сафари расмии раисҷумҳури ИМА ба хориҷ низ бе "саргузашт" набуд. Раҳбарони ИМА ва Лаҳистон бо ҳамсаронашон бояд даст дода салом мекарданд.

Ҳангоми салом кардан бо раисҷумҳури Лаҳистон Анҷей Дуда Трапм ба мушкилие рӯ ба рӯ нашуд, аммо чун пас аз он дасташро сӯи ҳамсари раисҷумҳур дароз кард, хонуми Дуда дасти Трампро нодида гирифту аз канораш гузашт. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт кардаанд.

Ҳамсари расиҷумҳури Лаҳистон чунин вонамуд кард, ки гӯё Доналд Трампро надида бошад. Дар навор дида мешавад, ки раисҷумҳури ИМА аз ин рафтори Агата Дуда шигифтзада шуда ва суоломез ба ӯ нигоҳ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0