Миллипӯшони Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 12 зина поин рафтанд

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото
Футбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар қиёс бо моҳи гузашта дар ҷадвали ФИФА 12 зина поин рафт ва дар 149-ум рада ҷой гирифт. Даста дар кулл 179 имтиёз дорад, ки назар ба моҳи гузашта 26 имтиёз камтар аст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Федеросюни байналмилалии футбол (ФИФА) радабандии тозаи дастаҳои мунтахаби миллиро мунташир кард.

Дастаии миллипӯшони Тоҷикистон дар қиёс бо моҳи гузашта дар ҷадвали ФИФА 12 зина поён рафта ва дар 149-ум рада ҷой гирифт. Даста ҳамакнун 179 имтиёз дорад, ки назар ба моҳи гузашта 26 имтиёз камтар аст. Бо ин натоиҷ миллипӯшони тоҷик дар миёни кишварҳои Осиё акнун 28-ум мақомро доранд.

Дар ин радабандӣ миллипӯшони Андорра 57 зина боло рафта, беҳтарин нишондодҳоро ба даст овардаанд. Аммо мунтахаби Намибия баръакс 62 зина поин рафта ва охирин мақомро гирифтааст.

Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло рафт

Дар ин ҷадвал дар хати аввал мунтахаби Олмон, дувум Бразилия ва севум мунтахаби Аргентина қарор доранд.

Аз кишварҳои Осиё — Русия дар 63-ум рада, Қазоқистон дар 106-ум, Қирғизирстон дар 127-ум ва Узбакистон дар 65-ум рада ҷой гирифтаанд.

Радабандии навбатӣ моҳи оянда — 10 август мунташир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи гузашта як зина боло рафта буд.

Лентаи хабарҳо
0