ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино ба гузориши сафорати Амрико, сарбозони ИМА, Қирғизистон, Муғулистон ва Покистон дар Тоҷикистон размоиш хоҳанд кард.
Тамрини ҳарбии "Ҳамкориҳои минтақавӣ-2017" дар шаҳри Душанбе аз 10 то 23 июл баргузор мешаванд.
"Роҳбарии ин машқи низомиро вазири мудофиаи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо бар ӯҳда гирифтааст",- омадааст дар хабарнома.
Дар тамриноти муштарак беш аз дусад сарбоз ширкат карда, қарор аст, ки аз 17 то 21 июл омӯзишҳои ҳарбии дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико баргузор шавад.