Донишҷӯи соли 2-юм аз шиддати барқ дар Ҳамадонӣ ҳалок шуд

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯи соли 2-юм, ҳангоми овезон кардани либосҳои варзишӣ, аз зарби қувваи барқ ҳалок шуд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Равобити умумии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ҷавони 20-сола гузориш медиҳад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 5-уми июл, тахминан соати 14:15 ҷавонписари 20-солаи сокини ноҳияи Фархор ҳангоми овезон кардани либосҳои варзишиаш ҷон бохтааст.

Ӯ донишҷӯи соли 2-юми яке аз донишгоҳҳои кишвар будааст ва  пас аз шиноварӣ дар канали обгузари деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми овезон кардани либосҳои варзишиаш, дасташ ба ноқилҳои барқӣ расида, аз зарби қувваи барқ, ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0