Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Варзоб меравад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Раисҷумҳури ТоҷикистонОғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон 10.05.2016
Оғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон 10.05.2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти иттилоърасони раисҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раҳбари Афғонистонро муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ашраф Ғанӣ барои ширкат дар мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба Душанбе омад.

Манбаъ меафзояд, ки имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари давлати Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдорони КАСА-1000 баргузор мегардад.

Қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи 6 июл бо далели "таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ ҳангоми баргузории "чорабиниҳои лоиҳаи "CASA-1000" дар роҳи Душанбе — Чанок аз маҳаллаи "Варзоб ГЭС" дар шаҳри Душанбе то мавзеъи "Такфон" дар ноҳияи Айнӣ рафту омади ҳар гуна нақлиёт қатъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0