Куштигирони тоҷик аз Ҷоми Осиё бенасиб монданд

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMСамолёт компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолёт компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комроншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов шонси ширкат дар Ҷоми Осиёро аз даст доданд. Ин ду куштигири тоҷик ба далели таъхири парвози "Сомон Эйр" ба Тайбей нарасиданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Комроншоҳ Устопириён дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ва Саидҷалол Саидов бояд шоми 5-уми июл аз Душанбе ба Дубай парвоз мекарданд ва аз он ҷо бо парвозе дигар ба Тайбей мерафтанд то дар мусобиқоти Ҷоми куштии Осиё ширкат кунанд.

"Парвоз бояд соати 17:00 сурат мегирифт, аммо эълон карданд, ки як соат дертар анҷом мешавад, сипас гуфтанд ду соат таъхир мекунад ва саранҷом ҳавопаймо пас аз 9 соат ба Дубай парвоз кард", — тавзеҳ дод вай.

Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвози “Сомон Эйр” аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд

Ба гуфтаи Комроншоҳ, варзишкорон чанд бор аз масъулини ширкат пурсуҷӯ карданд.

"Мо чанд бор назди намояндагони ширкат рафтем ва гуфтем, ки мо ба сабқат дер мекунем, аммо посухашон ин буд, ки ҳаво барои парвоз мусоид нест", — гуфт Комроншоҳ.

Дар ин миён парвоз аз Дубай ба Тайбей сурат гирифту Комроншоҳ ва Саидҷалол аз ширкат дар мусобиқот маҳрум монданд.

Комроншоҳ гуфт, ин сабқат ҳар сол дар моҳи июл сурат мегирад.

"Имсол насиб набудааст, ки дар сабқат ширкат кунем. Худо хоҳад соли дигар ширкат хоҳем кард", — гуфт вай дар суҳбат бо мо.

Чанде пеш Комроншоҳ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ҳоло барои мусобиқаи Ҷоми Осиё омода мешавад, ки ширкат дар он барояш имтиёзҳоеро барои роҳёбӣ ба Бозиҳои олимпӣ хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0