Қаноатмандии комили Эмомалӣ Раҳмон аз омадани Навоз Шариф

© Фото : пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон и Наваз Шариф
Эмомали Рахмон и Наваз Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ аз натиҷаи сафари сарвазрии Покистон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карду ба рушди бештари ҳамкории дуҷониба умед баст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф пас аз музокироти сатҳи олӣ ва имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назди рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ гузориш дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёну натиҷаҳои бадастомадаи сафари расми сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф комилан қаноатманд буда, онро чун як қадами нав дар самти густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар арзёбӣ кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Исломобод сафар кард - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба сармоягузори доираҳои тиҷории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёна изҳори умедворӣ кард.

Манбаъ меафзояд, ки сармоягузорӣ ба барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ дахл дорад.

Раисҷумҳур ҳангоми суханронӣ тарҳи КАСА — 1000-ро лоиҳаи муҳими минтақавӣ номид.

"Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад. Мо бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид доштем",- гуфтааст раисҷумҳур.

Дар ин зимн аз ҷониби мо ба дурнамои хуб ва аҳаммияти омӯзишу амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ишора карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0