ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Равобити умумии ВКД ҶТ иттилоъ дода, ки Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ се рӯз корафтодагонро нахоҳад пазируфт.
"Ба далели баргузории корҳои профилактикӣ Маркази иттилоотии БДА рӯзҳои 8 — 11 июл аз дарёфту судури асноди ронандагӣ, сабти ном ва бозрасии ҳатмии фаннии василаҳои нақлиётӣ маъзур аст", — омадааст дар иттилоъия.
Қаблан БДА аз баста шудани роҳи Душанбе — Чаноқ хабар дода буд.