ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории РИА Новости авзоъи деҳаи Ибрат, ки чаҳор хешовандони фармондеҳи пешин — Гулмурод Ҳалимов кушта шуданду се тани дигар дастгир гардиданд, ором аст.
"Авзоъи деҳаи Ибрат ором аст. Сокинони деҳа чун ҳаррӯза ба корҳои худ машғуланд",- гуфт намояндаи ҳукумати ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат бо РИА Новости.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар задухурде, ки миёни наздикони Гулмурод Ҳакимов ва нерӯҳои интизомӣ дар вилояти Хатлон дар гирифта, чаҳор кас аз наздикони фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони Тоҷикистон кушта ва се каси дигар дастгир шудаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишон ва сарҳанги ВКД Тоҷикистон буд. Ӯ пештар аз кормандони Нерӯҳои посдори Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар солҳои 2003 — 2008 дар пойгоҳи низомии амрикоии "Blackwater" се давраи ҷангомӯзӣ гузаронда аст. Вай соли 2015 ба ДОИШ пайваст.