ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Озодбек Назарбеков дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Шоҳҷаҳон Сиддиқов — яке аз баргузоркунандагони барномаи ҳунарии Озодбек Назарбеков, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барнома "Паёми дӯстӣ" унвон шуда ва дар чаҳор рӯз дар се шаҳри Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай гуфт, ин барнома дар шаҳри Душанбе дар "Амфитеатр", дар Хуҷанд дар варзишгоҳи "Спартак" ва дар шаҳри Турсунзода низ дар варзишгоҳи "ТАЛКО" баргузор хоҳад шуд.
Нархи билет дар Душанбе 150 — 200 сомонӣ, дар Хуҷанд 40 сомонӣ ва дар Турсунзода 30 сомонӣ аст.
Ба гуфтаи Шоҳҷаҳон Сиддиқов, шаш соҳибкори тоҷик бо дархости дӯстдорони созу наво бо Вазорати фарҳанги Узбакистон қарордод баста ва Озодбек Назарбековро ба Тоҷикистон даъват кардаанд.