ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дафтари матбуъотии ВУД ҶТ аз дастгир шудани марди 20-солае аз ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон" гузориш додааст.
ВУД ҶТ иттилоъ дода, ки яке аз дукондорони бозори "Корвон" — марди 27-солае аз шаҳри Душанбе ба нерӯҳои интизомӣ шикоят бурда, ки 2-юми июл, ҳудудан дар соати 20:30 дақиқа, ҳангоми сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон", шахсони ношинохтае пинҳонӣ вориди дуконаш шуда, аз он ҷо 52 адад пироҳани варзишии кӯдакона ба арзиши 760 сомониро дуздидаанд.
"Кормандони милиса дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ марди 20-солае аз ноҳияи Рӯдакиро ба иттиҳоми дуздӣ дастгир карданд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 2-уми июл дар яке аз калонтарин бозорҳои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад. Бисёре аз дукондорон бовар доранд, ки бозорро оташ задаанд.