ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Хабаргузории СМ-1 ба нақл аз Идораи сохтмонии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, таъмири қисме аз шоҳроҳи "Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ", ки аз ҳудуди маркази маъмурии вилояти Суғд мегузарад, оғоз шуд.
Бино ба иттилоъи Идораи сохтмони вилоят таъмири куллии роҳ 3-уми июл оғоз шуда ва дар ду моҳ пурра ба анҷом мерасад.
Аз будҷаи вилояти Суғд барои асфалтпӯш кардани камобеш 7 килуметр аз шоҳроҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 5 милюн сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Таъмир аз назди идораи БДА вилояти Суғд то маҳаллаи 3-уми шаҳрро фаро мегирад, ки қаблан ронандагон бинобар вайрон будани роҳ ва хатари эҷоди садамаҳои нақлиётӣ нигаронӣ мекарданд.