ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрӯз шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо Қарори № 375 Муассисаи давлатии "Маркази хидматрасонии Обшорон"-ро таъсис дод ва Муродҷон Самиевро мудири он таъйин кард.
"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузорӣ намудани фаъолияти муассисаи мазкурро дар соли 2017 таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағҳои заруриро барои нигоҳдошти муассиса пешбинӣ намояд", — қайд мешавад дар қарори раиси шаҳр.
Қарори мазкур барои таъйид ба Маҷлиси вакилони халқи Душанбе пешниҳод мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш — рӯзи 19 июн раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт маркази истироҳатии "Обшорон" — калонтарин порки обӣ дар кишварро ба баҳрабардорӣ расонда буд.
"Обшорон" бо маблағи 63 милюну 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ин порк беш аз 300 кас метавонанд ҳамзамон тафреҳ кунанд.