ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дода, далели роҳбандиро "таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ ҳангоми баргузории "чорабиниҳои лоиҳаи "CASA-1000" гуфтааст.
Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, 6 июл рафту омади ҳаргуна нақлиёт дар роҳи Душанбе — Чанок ба муддати 13 соат — аз соати 06:00 то 18:00 маҳдуд мешавад.
БДА аз ронандагон ва шаҳрвандон хоҳиш кардааст, дар ин рӯз аз сафар худдорӣ намоянд.
Ёдоварӣ мешавад, ки дар он рӯз Душанбе мизбони ҳамоиши сарони кишварҳои "Чаҳоргонаи "CASA-1000" — Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд.
Бино ба хабари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 6 июл ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жэенбеков ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Дар ин нишаст мавзуъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Узбакистон ба Афғонистону Покистон низ матраҳ хоҳад шуд.