Ҷашнвораи ҳунарии нобиноён "Дунёи меҳр" баргузор мегардад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаКонцерт по случаю Дня шашмакома в Таджикистане. Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Концерт по случаю Дня шашмакома в Таджикистане. Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин ҷашвора хоҳишмандоне метавонанд ширкат кунанд, ки солашон ба 35 расида бошад ва аз биноӣ камтавон бошанд. Довталабон бояд дар иҷрои созҳои миллӣ ва урупоӣ, таронаҳои мардумӣ ва сурудҳои клосикӣ, шеърхонӣ ва достонхонӣ маҳорат дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон бо ҳадафи шиносоии ҳунармандон дар миёни камтавонон Ҷашнвораи ҳунарии "Дунё меҳр"-ро баргузор мекунанд.

Дар ин ҷашвора хоҳишмандоне метавонанд ширкат кунанд, ки солашон ба 35 расида бошад ва аз биноӣ камтавон бошанд. Довталабон бояд дар иҷрои созҳои миллӣ ва урупоӣ, таронаҳои мардумӣ ва сурудҳои клосикӣ, шеърхонӣ ва достонхонӣ маҳорат дошта бошанд.

Барномаҳои даври аввали ин ҷашнвора дар замон ва маконҳои зерин баргузор хоҳанд шуд:

13 июл — дар Кохи фарҳанги Қӯрғонтеппа барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон;

18 июл — дар Кохи фарҳанги Панҷиканд барои ширкаткунандагон аз ин шаҳр ва ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчо;

20 июл — дар Кохи фарҳангии Хуҷанд бо ширкати ҳунардӯстон аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Масчо, Ашт, Девоштич, Спитамон, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов;

21 июл — дар Кохи фарҳанги Исфара бо ширкати ҳӯнардӯстон аз шаҳрҳои Конибодом ва Исфара;

2 август — дар Театри шаҳри Хоруғ бо ширкати ҳунардӯстон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ;

5 август — дар Кохи фарҳанги Ҳисор бо ширкати ҳунардӯстон аз шаҳри Душанбе, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб;

8 август — дар Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо ширкати ҳунардӯстон аз шаҳру ноҳияҳои Вахдат, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун, Файзобод ва Норак.

Даври ниҳоии ҷашнвора 22 сентябр бо ширкати 35 тан аз барандагони озмун аз ҳама шаҳру навоҳӣ дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0