ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд коргурӯҳе барои мубориза бо ҳиҷобу сатр ташкил кардааст.
Ба иттилоъи Кумитаи умури занону хонавода дар Ҳукумати ҶТ, дирӯз дар Хуҷанд бо ибтикори Раёсати умури занону хонавода дар ҳукумати вилояти Суғд ҷаласае баргузор шуда, ки дар он чораҳои "тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии майли занону духтарон ба фарҳанги бегонаву ба бар намудани либосҳои ба миллати мо бегона" баррасӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа "фаъолони шаҳри Хуҷанд — мудирони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи шаҳр, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони Шӯрои занони маҳаллаҳо, аъзои фаъоли Шӯрои занони вилоят ва намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд" ширкат кардаанд.
Дар ин ҷаласа тасмим гирифа шуда, ки "аз ҳисоби фаъолону шахсони масъули вилояту шаҳри Хуҷанд" 21 коргурӯҳ ташкил шавад. Ҳамчунин барномаи Раёсати умури занону хонаводаи ҳукумати вилояти Суғд барои "тарғибу ташвиқи аз байн бурдани сатру ҳиҷоб дар шаҳри Хуҷанд" тасвиб шудааст.
Ин коргурӯҳ фаъолияташро аз 4 июл оғоз карда дар маҳаллаҳо, марказҳои тиҷорӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои дармонӣ, мактабҳо ва рестуронҳо гашт хоҳад зад.