ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳавошиносон мегӯянд дар Тоҷикистон гармо тоқатфарсо мешавад. Интизор меравад, ки дар ин ҳафта ҳаво 40 то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар чунин ҳавое эҳтимоли гармозада шудан бештар мешавад. Sputnik Тоҷикистон роҳу равишҳои гузарондани гармои тоқатфарсоро ёдоварӣ мекунад.
Пӯшок
Беҳтар аст пӯшоке аз порчаҳои табиъӣ ва бо рангҳои рӯшан ба бар кунед. Кафшҳои пошнабаландро канор бигзореду пойафзоре сабук ва роҳат ба по кунед. Дар гармо сару рӯйро беҳтар аст бо кулоҳ ё сарбанд пӯшонд.
Хуб мешуд аз кремҳои офтобгир барои пешгирӣ аз сӯхтани пӯстатон баҳра бигиред. Ҳамчунин айнаки офтобӣ бояд гузошт то чашмон аз нурҳои сӯзон осеб набиданд.
Об
Аз гармо бадани одам зуд беоб мешавад. Аз ин рӯ бояд зуд — зуд об хӯрду аз ғализ шудани хун пешгирӣ кард.
Хӯрдани обҷав (пиво), нӯшобаҳои ширин ва газдор, оби маъданӣ ташнагиро намешиканад. Беҳтар аст об, чои сабзи доғ ё хунук, квас, лимонади табиӣ, обмеваҳои тозафишурда хӯрд.
Хӯрдани машруботи алкулӣ ва қаҳвадор дар гармо зиёновар аст.
Хӯрок
Пурхӯрӣ дар гармо низ зиёновар аст. Беҳтар аст кам-кам ва ҳар ду — се соат пас хӯрок хӯрд. Хӯрок бояд хунук, бечарб, камнамак ва витаминдор бошад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳавои гарм хатари заҳролуд шудан аз маводи хӯрокӣ бештар мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳангоми хариди хӯрокворӣ, бавижа шир ва фаровардаҳои ширӣ, торихи тавлид ва муддати масрафашонро диққат дод. Ҳама маводи хӯрокиро бояд дар яхдон нигаҳ дошт.
Дар ҳавои гарм бояд қоидаҳои беҳдоштро риоят кард: зуд-зуд дастҳоро бояд шуст, меваву тараборро ношуста нахӯрд ва хӯрокҳои бастабандишударо пеш аз боз кардан бо оби гарм шуст.
Кор
Ҳама корҳоро беҳтар аст бомдод ва ё шомгоҳ анҷом дод. Дар нимрӯз, ки гармтарин замон аст, бояд дар ҷое сояву серун истироҳат кард.
Дар гармо варзиш кардан, муштумол ва дигар дармонҳои физикӣ гирифтан зиёновар аст. Ҳамчунин ронандагӣ кардан низ риск дорад. Аз гармо ҳавос парту вокуниш кунд мешавад.
Барои серуну хунук кардани хонаҳо афзун бар дастгоҳҳои таҳвия метавон ва пӯшбарг (коғази алюминӣ) ва пардаҳои тошаванда баҳра гирифт.
Шом агар бо оби хунук душ гирифтаед, ҳатман бо оби гарм худро бишӯед. Пас аз панҷ дақиқа истодан зери оби гарм ҳавои гарм камтар эҳсос мешавад.