ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ин сохтмон дутабақа буда, утоқҳои ҷудогонаи ташхису таҳлил ва ёрирасон дорад.
Бино ба гузориши равобити умумии раёсати вилояти Суғд, сохту сози ин сохтмон моҳи феврали имсол оғоз ёфтааст.
Ин бунгоҳи дармониву пизишкиро ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳазинаи 450 ҳазор сомонӣ бунёд кардааст.