Панҷумин даври музокироти Сурия дар Остона оғоз шуд

Обуна шудан
Дар ин давр аз музокирот қарор аст дар бораи озод кардани зиндониён ва минтақаҳои ташаннуҷзудоишуда гуфтугӯ шавад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Панҷумин давра аз музокироти оштиҷӯёна дар муноқишаи Сурия дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона оғоз шуд.

Мавзуъи аслии ин давра аз музокирот, ки бо ширкати намояндагони мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия баргузор хоҳанд шуд, таъйини минтақаҳои ташаннуҷзудоишуда аст, ки тафоҳумнома дар ин бораро дар давраи чаҳорум имзо карда буданд.

Мухолифони мусаллаҳ дар чаҳорумин даври музокироти Остона, ки дар сеюм ва чаҳоруми моҳи май 2017 баргузор шуд, ширкат накарданд.

"Муҳимтарин масъала чигунагии таъйини ин минтақаҳо дар амал аст. Ин масъала бисёр мушкил аст. Нахуст бояд нақшаи ҷуғрофиёӣ ҳамоҳанг шавад. Сипас бояд ба таврфуқ расид, ки кадом тараф ин минтақаҳоро контрол хоҳад кард ва ҳамчунин кадом маворидро бояд контрол кард. Тарафҳо бояд ҳамчунин ба тавофуқ бирасанд, ки бо гурӯҳҳое, ки тавофуқотро мешикананд, бо созмонҳои "Ҷабҳаи Нусрат" ва "Давлати исломӣ" дар он минтақа ҳузур доранд, чигуна бархӯрде бояд карда шавад", — гуфт яке аз ҳамсуҳбатҳои Sputnik.

Яке аз дигар мавзуъҳои ин музокирот масъалаи ташкили Кумитаи оштии миллии Сурия хоҳад буд.

Интизор меравад, ки муҳимтарин дастоварди панҷумин даври музокирот эъломи оғози амалиёти контроли чаҳор минтақаи ташаннуҷзудоишуда дар Сурия бо нерӯҳои се кишвари зомин — Русия, Эрон ва Туркия хоҳад буд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки яке аз дастовардҳои ин музокирот тавофоқот дар бораи озод кардани зиндониён шавад.

"Дар паи ин музокирот кишварҳои зомин оғози амалиёти контроли манотиқи ташаннуҷзудоишударо эълом ва минтақаҳои зери назари худро дақиқ хоҳанд кард", —  гуфт ҳамсуҳбатамон.

Вай афзуд, ки ҳамакнун коргурӯҳи муштараки Русия, Эрон ва Туркия бархе аз ҷузъиёти корашро ҳамоҳанг мекунад, ки дар тавофуқномаи ниҳоӣ гунҷонда хоҳанд шуд.  

Эрон, Русия ва Туркия чаҳор маҳи гузашта дар чаҳорумин даври музокироти сурӣ дар Остона, тафоҳумномаи эҷоди чаҳор минтақаи амн дар Сурияро имзо карданд, ки дарбаргирандаи манотиқе дар устони Идлиб, минтақаи шимолии шаҳри Ҳимс, Ғутаи шарқӣ ва бахшҳое дар ҷануби ин кишвар аст.

Дар ин музокирот, Қазоқистон ба унвони мизбон ва ҳамчунин Амрико ба унвони нозир ҳузур доштанд.

Лентаи хабарҳо
0