Супориши вазир дар бораи шароити машқгоҳ ва истироҳатгоҳи милисаҳо

© МВД РТМинистр МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода
Министр МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз машқгоҳи ВКД дар мавзеи Марғоби дараи Ромит боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ Рамазон Раҳимзода ба масъулин барои нигоҳубини дарахтони сояафкан ва бартараф кардани камбудиҳои машқгоҳ супоришҳои мушаххас додааст.

"Ҳангоми ошно шудан бо шароити зарурӣ барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои гуногуни  кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, Рамазон Раҳимзода барои бартараф кардани камбудию норасоиҳо ба масъулин як қатор дастуру супоришҳо дод", — омадааст дар иттилоиъя.

© МВД РТМинистр МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода
Министр МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон
Министр МВД Таджикистана Рамазон Рахимзода

Манбаъ меафзояд, ки ин қароргоҳ барои ташкилу гузарондани машқҳои ҳарбии кӯҳӣ, обутоби ҷисмонию рӯҳию аз обу оташ гузарондани низомиён мувофиқ аст.

Дар ин машқгоҳ ҳамчунин барои истироҳату фароғат ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ шароит муҳайё карда шуда, ҳамасола дар мавсими тобистон кормандони мақомоти интизомӣ дар ин ҷо истироҳат мекунанд.

Сипаҳбад ҳамчунин барои нигоҳубини дарахтони сояафкан ва ҷангалзори гирду атроф ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0