ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дирӯз, 2 июл соати 20:03 дар ҶДММ "Бозори Корвон" сӯхтор ба амал омада, масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД, дар натиҷаи сӯхтор 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд.
Барои хомӯш кардани сӯхтор ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайъати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар шудаанд.
Манбаъ меафзояд, ки сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд ва сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ гуфта шудааст.
Хушбахтона сӯхтор талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми хисорот муаяйн хоҳад шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки шоми 29 июн дар интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар задааст.