Раисҷумҳури Маҷористон ба Эмомалӣ Раҳмон: "ин суханони хушку холӣ нестанд"

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Маҷористон Янош Адер ба унвони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, номаи шодбошӣ равон кардааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҳумҳур, президенти Маҷористон ба муносибати 25-солагии ҳамкориҳои сиёсии байни ду кишвар ба унвони Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол кардааст.

Дар номаи Янош Адер омадааст:

"Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ба шумо иброз намоям.

Бароям боиси хушҳолист, ки дар чунин масъалаи мубрами рӯзҳои мо, ки ҳаётан муҳим ҳам ҳаст, яъне мушкилоти ҳифзи захираҳои обии сайёра, дар симои Шумо дар паҳлӯи худ ман метавонам ба чунин иттифоқчии қавие, ки худи ӯ барои муваффақ шудан ба ин кор кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, умед бандам.

Онро, ки ин суханон хушку холӣ нестанд, муколама оид ба мушкилоти об, ки барандагони муштараки он Маҷористон ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин иштироки шумо, ҷаноби Президент ва суханронии Шумо дар Саммити дуюми Об, ки соли гузашта дар шаҳри Будапешт барпо шуд, баръало нишон медиҳад.

Ман комилан мутмаинам, ки ҳамкории муваффақонаи оғозгардидаро мо метавонем минбаъд низ бо чунин ҷараён ва самара идома диҳем.

Ба Шумо дар вазифаи масъулатон муваффақиятҳои беназир ва саломатии комил таманно дорам".

Лентаи хабарҳо
0