Садамаи нақлиётӣ дирӯз, 2 июл дар ҳудуди ноҳияи Заински Тотористон ба вуқӯъ пайвастааст.
Ин садама ҷони нисфи мусофирони автобусро гирифтааст. Ду нафар аз онҳо кӯдакон, якеашон яксолаву дигаре 14-сол доштааст.
Ронандаи автобус бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи ҷумҳуриявӣ бистарӣ гаштааст.
Дар ин садамаи нақлиётӣ 14 кас ҷон додааст.
Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса алҳол бурда намешавад.