ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД аз ин дуздӣ марди 60-солаи деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиён ба мақомоти интизомӣ огаҳӣ додааст.
Рӯзи 30 июн ашхоси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди "Қасри Фарҳанг" шуда, аз он ҷо як сози мусиқии "Ямаха"-ро дуздидаанд.
Манбаъ меафзояд, ки арзиши ин асбоби мусиқӣ 7000 сомонӣ аст.
Зимни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иттиҳоми дуздӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин мард пештар аз рӯи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шуда будааст.
Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида тафтишот давом дорад.