Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистону Покистон дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард

© Sputnik"Дворец нации"
Дворец нации - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарони Тоҷикистону Афғонистон ва нахуствазири Покистон дар шаҳри Душанбе мулоқот хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои афғонистонияш Ашраф Ғанӣ ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф 5 июл дар пойтахти Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА" ба нақл аз родюи давлатии Покистон, дар ин дидор ҳамоҳангсозии созукори таъмини амниятву субот дар минқтақа баррасӣ хоҳад шуд.

Сарони кишварҳо ҳамчунин масоъили муборизаи муштарак бо ҳаросафканӣ ва ифротгароиро баррасӣ хоҳанд кард.    

Лентаи хабарҳо
0