ВУД ҳодисаи сӯхторро дар Ҳисор шарҳ дод

© SputnikПожарная машина
Пожарная машина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар хабар дода шуд, ки шоми 29 июн дар интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар задааст

ДУШАНБЕ, 02 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сӯхтори шоми 29 июнро дар ишаҳри Ҳисор шарҳ дод. Бино бар иттилои манбаъ,29 июни соли 2017-ум соати 21:48-дақиқа дар хобгоҳи Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони руҳӣ"-и шаҳри Ҳисор сӯхтор ба амал омад.

"Ба ҷои ҳодиса ду адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд",- омадааст дар гузориши манбаъ.
Сӯхтор сари вақт ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. 


Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар шаҳрванд ба ҳалокат нарасида, ҷароҳати сӯхтани бадан низ нагирифтааст. 
Сабаби сар задани сӯхтор аз ташхиси мутахассисон расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар хомушкунаки барқӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0