Ҷумҳурии Исломии Эрон ройзаниҳояшро дар шаҳри Хуҷанд баст

Обуна шудан
Ройзаниҳои фарҳангӣ ва бозаргонии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон расман фаъолияташонро дар вилояти Суғд қатъ кардаву дафтарҳояшонро дар Хуҷанд бастанд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон фаъолияти Ройзании фарҳангӣ ва Намояндагии бозаргонии худро дар шаҳри Хуҷанд расман боз истонд.  

Хабаргузориҳо гузориш медиҳанд, ки 29-уми июн дафтари ин ниҳодҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд баста шуда ва номашон низ аз сардар бардошта шудааст. ​

Гуфта мешавад, ки Эрон ин ниҳодҳоро бо дархости расмии мақомоти Тоҷикистон таътил кардааст. Аммо ин иттилоъро нашуд расман таъйид кунем.

Раҳбарони ройзании фарҳангӣ ва намояндагии бозаргонӣ ду ҳафта пеш номаи расмии баста шудани дафтарҳояшонро дарёфт карда ва кормандонашонро мураххас кардаанд. Сафорати Эрон дар Душанбе аз додани ҳаргуна тавзеҳот дар ин бора худдорӣ кард.

Баста шудани ройзаниҳои фарҳангӣ ва бозаргонии Эрон дар Хуҷандро коршиносон яке дигар аз пайомадҳои сарду тира шудани равобит миёни Тоҷикистону Эрон дар паи дидори Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ мамнуъ шуда, бо оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳури Исломии Эрон дар соли 2015 донистаанд.

Лентаи хабарҳо
0