ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Чунончи, бо Қарори ҳукумат, Нуъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати ҶТ, Ҳабибулло Амирбекзода муовини аввали раис, Ширин Амонзода муовини раис таъйин карда шуданд.
Ҳамчунин ба далели табдил ёфтани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати ҶТ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати ҶТ, Ҳабибулло Амирбекзода аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озод карда шуд.
Раисҷумҳур ҳамчунин бо қароре Махсудҷон Маҳкамзодаро аз симати мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.