Эмомалӣ Раҳмон додраси ноҳияи Панҷро аз кор ронд: барои паст задани шаъну эътибори додрасӣ

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон додраси ноҳияи Панҷро аз кор рондааст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониёнро аз вазифа озод кард.

Дар фармони раисҷумҳур таъкид шуда, ки ин додрас барои риоя накардани муқаррароти қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз кор ронда шудааст.

"Қурбониён Тоҷиддин Мирзо бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шавад", — омадааст дар фармони раисҷумҳур.
Лентаи хабарҳо
0