ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бино ба гузориши нашрияи "Садои мардум", гурӯҳе аз хонандагон аз шаҳри Ҳисор аз мактаби рақами 7 ноҳияи Данғара, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар он таҳсил кардааст, боздид карданд.
Ба иттилоъи ин рӯзнома, донишомӯзони муассисаи таълимии "Нури Ирфон" аз шаҳри Ҳисор зуд-зуд ба аз маконҳои торихӣ ва хушманзара боздид мекардаанд. Ин бор шогирдонро барои тамошо ба ноҳияи Данғара бурдаанд.
Муҳассилин ба мактаби рақами 7 рафта, бо шароити таҳсил дар он ошно шуданд. Ба онҳо синфхона ва мизеро, ки раисҷумҳур пушти он нишаста будааст, намоиш доданд.