ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бино бар гузориши ВУД ҶТ, дар ноҳияи Вахш кормандони милиса дар паи баргузории амалиёти бозҷуст яке аз масъулони ҷамоати деҳоти Рӯдакиро бо иттиҳоми аз они худ кардани оббаҳои кишоварзони ин минтақа дастгир кардаанд.
Ин марди 57-сола бо суъистифода аз симати хидматияш аз 1-уми апрели соли 2015 то 1-уми январи соли 2016 аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 53,021 сомонӣ оббаҳо ё пулеро, ки масрафкунандагони об ба муассисаи обёрӣ мепардозанд, дарёфт ва аз они худ кардааст.
Барои бозҷӯии ин табаҳкорӣ аз рӯи моддаи 245 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда аст.