ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар ноҳияи От-Бошии Қирғизистон аз пашми гӯсфанд намади гирде молидаанд, ки қутраш 10 метр аст.
Ин намадро намадмолони маҳаллӣ аз созмони "Чебер колдор" омода кардаанд. Намади мазкур бузургтарин дар дунё аст.
Ба гуфти раҳбари намадмолон, он дар давоми ду моҳ омода шудааст.
"Мо аз соли 2000 ба намадмолӣ ва омода кардани ашёи гуногун аз пашм машғул ҳастем. То кунун мо танҳо намади то 9 метрӣ омода карда будем. Намади даҳметрӣ дар таҷрибаи корӣ мо нахустин бор аст", — гуфт раҳбари намадмолон дар суҳбат бо Sputnik Қирғизистон.
Ӯ хабар дод, ки ин намадро соҳибкоре барои меҳмонхонааш супориш дода, ки онро чун юрти қирғизӣ сохтааст.
"Вазни умумии он 300 килуграм аст. Ҳангоми бор кардан ба мошин шаш мард базӯр онро бардоштанд", — мегӯяд бо табассум намадмол.
Намад ба баҳои 4000 ҳазор дулори амрикоӣ ба соҳибкори қирғиз фурӯхта шуд.
Намадмолӣ яке аз қадимтарин ҳунарҳои башар буда, дар Тоҷикистон низ, ба вижа дар Кӯҳистони Бадахшон то кунун маъмул аст. Бино бар суннати мардумӣ, ҳар як арӯси бадахшонӣ дар ҷиҳези худ бояд намад дошта бошад.