Намоиши дастовардҳои Бадахшон дар Рӯзи Ваҳдат

© Фото : Нилуфар АсламшоеваПраздник День национального единства в городе Харог
Праздник День национального единства в городе Харог - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хоруғ дастовардҳои мардуми Бадахшон ба намоиш гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба ититлоъи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, ин намоиш ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаву бо ширкати намояндагони ҳамаи ноҳияҳои минтақа баргузор шудааст.

Намоиши дастовардҳо дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.

Мардуми Бадахшон шурӯъ аз маҳсулоти кишоварзӣ то маҳсулоти дастсохташонро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоиш картошка, пиёз, сабзӣ, зардолу, олу, помидор, бодиринг ва дигар маҳсулоти ғизоӣ намоиш дода шуда, тоқиҳо ва гарданбандону намадҳои дастсохт аз гӯшаҳои серодамтарини намоиш буд.

1/7
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ аз намоиш дидан кардаанд.

Пас аз намоиши дастовардҳо фарҳангиёни Бадахшон барномаи ҳунариеро ба ҳозирин пешкаш кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0