ВКД: аз ақиби “WannaCry” вируси “Petya” ҳуҷум мекунад

© Flickr \ The Next Web / Гузариш ба медиабонкПосетитель интернет-кафе, архивное фото
Посетитель интернет-кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон корбарони интернетро аз паҳн шудани вируси тахрибкори “Petya” ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД  вируси "Petya" дар шабакаи интернет монанди вируси "WannaCry" паҳн мешавад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон усули ҳифзи компютерҳо аз вируси "Petya" ва вирусҳои ба он монандро ҷавоб надодан ва боз накардани мактубҳои шубҳаноки аз ҷониби шахсони ношинос гуфтаанд.

"Дар ҳолати пайдо шудани чунин мактуб фавран онро тоза (удалить) кунед".

ВКД аз сокинони кишвар даъват мекунад, то бодиққат бошанд, ва барномаҳои зиддивирусиро (антивирусное ПО) навсозӣ кунанд.

Ёдовар мешваем, ки 12 май вируси WannaCry‍ якбора роёнаҳои беш аз 200 касро дар 150 кишвари ҷаҳон бекор кард.

Бино бар додаҳои ширкатҳои ҷаҳонии антивирусӣ, ин вирус дар навбати аввал дар Русия, Украина ва Тайван паҳн мешавад, вале баъдтар ин барномаи сироятӣ ба Осиёи Марказӣ ҳам роҳ ёфт.

Лентаи хабарҳо
0