Таъсиси комисияи махсуси авф аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз хадамоти матбӯъоти раиси ҷумуҳри Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз хадамоти матбӯъоти раиси ҷумуҳри Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамин тавр, ҳар як маҳбус метавонад соле як маротиба аз раисҷумҳур хоҳиши ҳукми авф кунад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тибқи Фармони Эмомалӣ Раҳмон  комиссияи афв метавонад дар бораи ҳукми авф бо раисҷумҳур машварат кунад.  

Бо раисиҷумҳур комиссия  масоили афв, мушкилоти марбут ба афв ва қонунгузориро баррасӣ мекунад.  Ҳақ дорад, масъулини давлатиро ба ҷаласаҳояш даъват кунад, метавонад ва мақомотҳо супориш даҳад, ки дар ин масъала санҷиш газаронад.

Инчунин мувофиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, "Масоили авфи маҳбусоне, ки ҳукми ҳабси онҳо аз ҷониби додгоҳҳои Тоҷикистон ё кишварҳои хориҷ ироа шудаву дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудаанд, аз ҷониби раисҷумҳур бо пешниҳоди комиссия ҳалл карда мешавад.  Раисҷумҳур метавонад масъалаи авфро бевосита ҳалл кунад".

Вазифаи комиссия аз он иборат аст, ки дархостҳои авфро сараввал дида барояд ва аз рӯйи он ба раисҷумҳур пешниҳод омода кунад.

Ҳамин тавр, ҳар як маҳбус, новобаста аз шакли ҷинояти содиркарда ва мӯҳлати ҳабс метавонад ба раисҷумҳур дархостномаи авф равон кунад.

Аммо ҳоло дар бораи ҷорӣ кардани авфи навбатӣ дар Тоҷикистон маълумоте нест.

Лентаи хабарҳо
0