Зодрӯз муборак: Табрикоти Эмомалӣ Раҳммон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с президентом Туркменистана Гурбонгулы Бердымухаммедовым
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с президентом Туркменистана Гурбонгулы Бердымухаммедовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар сӯҳбати телефоние Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов- раисҷумҳури Туркманистонро ба муносибати зодрӯзаш муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз кишвардори Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро ба муносибати зҷашни 60-солагии зодрӯзаш муборакбодӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳими ҳамтои худ Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар тавсеаву таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард.

"Сарони кишварҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0