Дар шаҳри Ваҳдат парчами 50-метри барафрошта шуд

© Фото : Пресс служба президента РТПосещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном
Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон иштирок варзид
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди варзишгоҳи муҳташами навбунёд бо баландии 50 метр қомат рост кард. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Раисҷумҳур ин рамзи давлатдориро дар маркази шаҳри Ваҳдат расман ифтитоҳ намуд.

"Корҳои сохтмонии парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Некзод" ба иҷро расонида шуд. Аснои ба истифодадаҳии иншооти мазкур зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии сохтмони Парчам 1 млн. 650 ҳазор сомонӣ буда, он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст. Назди Парчами давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам гардонида шуда, ки як гулгашти дилписанду дилнишинро мемонад",- омадааст дар хабари дафтари матбуот.

Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат гулзор карда шуда, фаввораҳо фаъол ва муҳити он чароғон кунонида шудааст, ки дили ҳар бинандаро мерабояд.

Изҳори эътимод карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешавад ва болафшонии парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллии ҳар бошандаи шаҳри Ваҳдатро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.

Лентаи хабарҳо
0