ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, имрӯз, 27 июн Котиби генералии Конфедератсияи иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков ба Эмомалӣӣ Раҳмон Нишони тиллоӣ тақдим кард.
Манбаъ меафзояд, ки Шербаков нақши сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳимму назаррас арзёбӣ кардааст.
Ҳангоми тақдими Нишон қайд шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд.
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегардад.