Сел дар Панҷиканд: шарҳи КҲФ

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиОқибатҳои сел дар Панҷакент
Оқибатҳои сел дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шуда, кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рӯзи 26-уми июн дар пайи боридани борони сахт ва жола дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷиканд сел фурӯ рехт.

Чуноне ки аз Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар натиҷаи ин офати табиӣ селоба 6 хонаро пурра ва 10 хонаро қисман хароб кардааст.

Ҳамчунин сел сарбанди селроҳаро дар ҳудуди ҷамоати Амондара вайрон кардаст, ки дар натиҷа заминҳои корам ва роҳҳои миёни ҷамоатҳо осеб бардоштаанд.

Тибқи ахбори манбаъ, барои бартараф сохтани пайомадҳои офати табиӣ гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шуда, кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.
© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиОқибатҳои сел дар Панҷакент
Оқибатҳои сел дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Оқибатҳои сел дар Панҷакент
© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиОқибатҳои сел дар Панҷакент
Оқибатҳои сел дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Оқибатҳои сел дар Панҷакент
1/2
Оқибатҳои сел дар Панҷакент
2/2
Оқибатҳои сел дар Панҷакент

Аҳолӣ аз ҷойҳои хавфнок ба маконҳои амн кӯчонида шудааст.
Тибқи ахбори манбаъ, ёрии аввалии тиббӣ ва маводи хӯрокӣ ба аҳолии осебдида расонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0